КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ “ҶАВОНОН ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН” ДАР ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 21.05.2023 04:40
Санаи 18 май дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХТДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод Конференсия ҳизбӣ таҳти унвони “Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан” баргузор гардид.
Дар толори Қасри фарҳанги шаҳр Конференсияи ҳизбӣ дар мавзӯъи “Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан” оғоз гардида, Шаҳло Ҳасанзода раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳамасола 23 май дар саросари кишварамон Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки : “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму дониши муосирро азхуд намуда, барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саъю талош доранд. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯзҳо рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.
Сипас Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъомадагон ва тамоми ҷавонони мамлакатро бо рӯзи идашон шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлат ба ҳисоб рафта, пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аз неруи ояндасози он вобастагӣ дорад. Агар ба таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, бо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ҷавонони мо баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш барои мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ягонагӣ дар кишвар саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Ҳамчунин, Асозода Дилшод Алимурод, раиси шаҳр зимни суханронӣ зикр кард, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар рушду тараққиёти соҳаҳои мухталиф арзишманд арзёбӣ мегардад. Ҷавонони шарафманди тоҷик идомабахши анъанаҳои неки аҷдодӣ буда, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, хизмат ба халқу Ватан ва дар ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ содиқ буданашонро борҳо собит кардаанд.
Баъдан Ғафурзода Фирдавс аъзои фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва Эмомзода Самира Дилшод-гирандаи стипендияи Президентӣ доир ба саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар, дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ва амсоли инҳо мулоҳизаронӣ карданд.
Дар фарҷом фаъолони ҳизб, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.