МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ХУСРАВ ИФТИХОРИ ШАҲРИ НОРАК

Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан - Модар барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб рафта, баробари оғоз гардидани мавсими даъвати баҳорӣ теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Артиш афзуда истодааст.
 
Далели гуфтаҳо ин аст, ки яке аз чунин ҷавонон Мирзоев Хусравҷон фарзанди ба ору номуси мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шулашова Ҳабиба Нуруллоевна баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Муҳаммад Осимӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти баланди фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир гардид.
 
Боиси ифтихори мо хизматчиёни давлатӣ аст, ки фарзандони мо имруз ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардони гузаштаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузарад.
 
Итминони комил дорам, ки ҷасорату мардонагии Хусравҷон намунаи ибрати дигар ҷавонон ва падару модарон гардида, ин анъанаҳоро минбаъд низ содиқона идома медиҳанд.
Ман аз ҷавонон даъват ба амал меоварам, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд.
 
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Норак Зебо Мирзозода