ДАВИДАНРО ШОҲИ ВАРЗИШ МЕНОМАНД
- Нашр шуд: 21.05.2023 04:50
Давиданро шоҳи варзиш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғуланд, чусту чолок, ҷасуру моҳир мегарданд.
Ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишварамон Рӯзи дави миллӣ таҷлил карда мешавад.
Ватани азизамон Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ба варзиш Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа шурӯъ кард. Ҳамзамон ба хотири оммавияти варзиш имконият фароҳам оварда шуд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмин гардад. Ҳамин буд, ки ба хотири ҳамдилии миллати тоҷик дар соли 1993 аз тарафи ҳаракати олимпӣ Дави олимпӣ баргузор шуд ва он давоми солҳои дигар идома ёфт. Шурӯъ аз соли 2007 тибқи фармони Роҳбари давлат ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май Рӯзи дави миллӣ ба нақша гирифта шуд ва аз ҳамон сол инҷониб он номи Дави миллиро гирифт.
Агар то давараи соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1000 иншооти варзишиӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар 31 соли соҳибистиқлоли ин нишондод ба зиёда аз 10 ҳазор адад расидааст. Ин албатта нишони таваҷҷуҳ ва иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат дар рушди тамоми намудҳои варзиш аст.
Бо дарназардошти оне ки мо кишвари соҳибистиқлолем ва тамоми муносибатҳои дохилӣ ва беруниамонро маҳз худамон муаян ва амалӣ менамоем, дар ҳамин замина ин мусобиқа чун ҳаракати миллӣ миллатро ба ҳам меорад.
Яъне мо тавонистем, ки сол ба сол мусобиқаи мазкурро аз як марҳилаи муаян ба ҷорабинии умумимиллӣ табдил диҳем. Ҳамасола шоҳид мегардем, ки сокинони кишвар дар тамоми гӯшаи Тоҷикистони азиз ба хотири таҷлили ин сана ва солимии ҷомеа ба ҳам меоянд.
Пеш аз ҳама ин иқдом эҳтироми Роҳбари давлат ба насли ҷавони кишвар аст. Интихоби баргзории Рӯзи дави миллӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон низ бешак эҳтиром ба ин табақаи ҷомеа ва миллати ҷавони тоҷик аст. Он бо назардошти мусоид будани ҳаво дар ин шабу рӯзҳо ба назар гирифта шудааст. Яъне шуруъ аз моҳи май - аз вақти баргузор намудани Дави миллӣ мардуми шарифи малакат иқдом мекунад, ки минбаъд ҳамарӯза бояд ба тарбияи ҷисмонӣ худ машғул гарданд.
Дави миллӣ ин калонтарин ва боҳашаматтарин чорабинии мардуми тоҷик аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Он дар воқеъ фарогири пиру барнои мамлакат аст, ки аз хурд то бузург ҳама зери як иқдом, яъне солимии ҷомеа, ҳамовозӣ ва якдилии мардум иштирок мекунанд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият мо ҳамарӯза дар сартосари кишвар як ҷашн ва ё ид дорем, вале иде, ки солимии ҷомеаро таъмин мекунад маҳз ҳамин Дави миллӣ аст. Бояд гуфт, ки ин ҳаракати миллӣ пеш аз ҳама баёнгари сарҷамъию саодатмандии миллат ба шумор меравад. Дави миллӣ ифодагари муттаҳидии миллати тоҷик мебошад.
Мо, ки дар ин фазои ободу озоди кишвар умр ба сар мебарем барои мо месазад, ки ҳар рӯзамон ид бошад ва ҳар рӯзамонро бо хушҳоливу фазои идона сипарӣ намоем. Баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар кишвар ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст. Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад.