МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Субҳи имрӯз 21 майи соли 2023 дар шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, маъракаи оммавии варзишӣ доир гардид.
 
Дар Дави миллӣ раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод , муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагон аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарон фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод қайд намуд, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишварамон Рӯзи дави миллӣ таҷлил карда мешавад.
 
Ватани азизамон Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ба варзиш Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа шурӯъ кард. Ҳамзамон ба хотири оммавияти варзиш имконият фароҳам оварда шуд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмин гардад. Ҳамин буд, ки ба хотири ҳамдилии миллати тоҷик дар соли 1993 аз тарафи ҳаракати олимпӣ Дави олимпӣ баргузор шуд ва он давоми солҳои дигар идома ёфт. Шурӯъ аз соли 2007 тибқи фармони Роҳбари давлат ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май Рӯзи дави миллӣ ба нақша гирифта шуд ва аз ҳамон сол инҷониб он номи Дави миллиро гирифт.