МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН - 23 МАЙ

Ҳозирини арҷманд! Ҷавонони гиромӣ!
 
Сиёсати давлатии ҷавонон чун қисми таркибии сиёсати давлат, ки ба таъмини иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шаҳрвандони ҷавон равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар тамоми суханрониҳои хеш нисбат ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ибрози назар менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.»
 
Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.
 
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, беш аз 5 миллион нафар, ё худ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
 
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст.
 
Бояд қайд намуд, ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027 қабул гардид.
 
Дар ин замина ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 
Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини Ҳукумат боқӣ мемонад.
Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозию ватандорӣ дуруст мебошад» .
 
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.
 
Ҷавонони шаҳри Норак дар қатори кулли ҷавонони кишвар, бо шукгузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ҳисси ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша менамоянд.
 
Ҳамаи Шумо ҷавонони иззатмандро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба шумо саодату сарбаландӣ, азму иродаи қавӣ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.
 
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!