МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН УЗВИ ЯК ОИЛА" БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 22 майи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва ҷавонони касбу кори гуногун ҳамоиши васеъ таҳти унвони "Ҷавонон узви як оила" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд.
 
Чорабиниро раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ифтитоҳ намуда, аз шароиту имкониятҳои фароҳам намудаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва саҳми назарраси онҳо дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногун аз ҷумла; хизмати давлатӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзиш ва дигар ташаббусҳои неку созандаи ҷавонон ёдоварӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумат махсусан Пешвои муаззами миллат қарор дошта, то имрӯз ибтикороти созандаву бунёдкоронаи ҷавонон пайваста дастгирӣ ёфта, фаъолияти ватандӯстиву босамари онҳо ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.
 
Инчунин, раиси шаҳр вобаста ба вазъи геопалитикии имрӯзаи ҷаҳонӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир, вусъат пайдо намудани терроризм, экстромизм, ифротгароӣ, истифодаи дурусту оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи музаффариятҳои даврони Истиқлолият ва хизмати содиқонаву софдилона баҳри Ватан даъват намуданд.
 
Баъдан, декани факултети филиали колеҷи тибии иҷтимоии ғайридавлатии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак- Саидшоҳи Сафархон ва гирандаи Стпендияи Президентӣ-Абдуллозода Сафина доир ба дастгириҳо ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо маърузҳо баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҷавобан ба чунин дастгирю ғамхориҳо мо насли ҷавонон ваъда медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, баҳри ҳифзи марзу буми Ватан – Тоҷикистони азизамон ҳамеша омодаем ва тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри боз ҳам ободу зеботар намудани кишвари маҳбубамон – Тоҷикстон равона менамоянд.
 
Дар охир бори дигар раиси шаҳр аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои фарҳангӣ, даст кашидан аз фарҳанги бегона, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва масъалаҳои дигари рӯзмара даъват намуданд.
 
Ҳамзамон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба ҷавонони фаъол бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуд.