ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД
- Нашр шуд: 25.05.2023 04:43
Имрӯз 24 майи соли 2023 тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар МТМУ № 3 - и шаҳри Норак вохӯри бо падару модарони хонандагон баргузор гардид.
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, Сардори ШВКД дар шаҳри Норак Полковники милитсия Мирзозода Сайдаҳрор, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.
Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонону ноболиғон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.