МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2023
Норак

СТРАТЕГИЯ ВА ШЕВАИ НАВИ МУБОРИЗА БА ТЕРРОРИЗМ

Имрӯз 24 майи соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мизи мудаввар дар мавзӯи "Моҳият ва мақсадҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия ва корхонаю муассаҳои шаҳр доир карда шуд.
 
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳамоҳангии мақомотҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои терористиву экстремистӣ арзёбӣ гардид.