ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РАИСОНИ МАҲАЛЛА
- Нашр шуд: 28.05.2023 13:35
Санаи 24 майи соли ҷорӣ дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак вохӯрии Сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр палковники милитсия Мирзозода Сайдаҳрор, муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро бо раисони маҳалла, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони минтақаҳои манзили шаҳр баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур асосан дар самти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба роҳ монда шуд.
Дар вохӯрӣ аз тарафи масхулин дар хусуси нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу осоиштагӣ, озодии мардуми сарбаланди тоҷик, рушду пешрафти мамлакат ёдовар гардида, қайд намуд, ки ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созандаву ташаббускор ва ояндаи давлату миллат мебошанд, моро зарур аст, ин қувваи бузур ва нерӯи созандаро барои манфиати давлату миллат ва ояндаи боз ҳам дурахшони сарзамини аҷдодиямон сарф намоем.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мунтазам чорабиниҳоро амалӣ менамоянд ва ҳамаи талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат маҳз барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, хоса наслҳои имрӯзу фардо равона шуда, ҷавононро мебояд, ки баҳри осоиштагиву сарсабзии кишвари азизамон нақши арзанда гузоранд.
Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон суханронӣ намуда, инчунин изҳор дошт, ки ҷавонону наврасони тоҷикро зарур аст, бо истифодаи зиракии сиёсӣ кӯшиш намоянд, ки ба фанду фиреби ашхоси бегона, хусусан аъзоёни ташкилотҳои ифротӣ дода нашаванд. Дар қалби хеш ҳамеша садоқати ватандориро зинда нигоҳ дошта, дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми сазовори худро гузоранд суханронӣ карда шуд.