МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз, 31майи соли 2023 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” доир гардид.
 
Нахуст, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид ва ҳамроҳон аз раванди расмкашии кӯдакон, гӯшаҳои табиати зинда, овезаҳои деворӣ, дастовардҳои кӯдакону наврасон ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳама маҳсули дастони наврасону кӯдакони шаҳр мебошад, боздид ба амал оварданд.
 
Ҷамъомади тантанавӣ бо сухани табрикотии муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода оғоз гардид.
 
Муовини раиси шаҳр аз фароҳам намудани имкониятҳо барои кӯдакон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.
 
Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кишвари тозаистиқлоламон нишони ғамхории Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Зеро пояи асоси ояндасози миллат маҳз насли наврас мебошад.
 
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии кӯдакон пайваста чораҳои зарурӣ андешида, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиат, таълиму тарбия, зиндагии шоиставу арзанда, рушди ҷисмониву равонӣ ва пеш аз ҳама дар доираи оилаи солим ва дар оғӯши ватани сарсабзу рушдёфта ба камол расидани насли наврасро дар меҳвари фаъолият қарор додаанд.
Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ ва хониши шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон аз ҷониби кӯдакон ба чорабинӣ таровати хоса бахшид.