ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ!
- Нашр шуд: 04.06.2023 07:26
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак 1 июни соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 мизи мудаввар таҳти унвони “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ” бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, муовини Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амиршои Хатлонӣ,раиси ҲХДТ дар шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ,инчунин шоирон, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, собиқадорон,шоирони навқалам ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр иштирок намуданд.
Сараввал муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода суханронӣ намуда, оид ба моҳияти баргузории мизи мудаввари мазкур ибрози назар намуд.
Муовини Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амиршои Хатлонӣ зимни суханронӣ зикр дошт, ки вақте сухан перомуни ваҳдати миллӣ, расидан ба сулҳу суботи комили ҷомеа ва таъмини фазои ҳамдиливу ҳаммаромӣ дар кишвар меравад, пеш аз ҳама дар назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, меъмори сулҳу ваҳдат ва наҷотбахши миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад ва бо ифтихор гуфта метавонем, ки Ваҳдат самараи талошҳои Пешвои муаззами миллат аст.
Баъдан собиқадорон соҳаи хизмати давлатӣ ва Раиси ҲХДТ дар шаҳр Шаҳло Ҳасандоза доир ба ҳодисаҳои ҳаёти Тоҷикистони солҳои навадуми асри бистум ва хизматҳои шоёни Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар барқарор намудани Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳимоятгари манфиатҳои олии ҷомеа, пеш аз ҳама ваҳдати комили миллат ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки ин ду ғоя дар масири дигар манфиатҳои миллӣ мавқеи хосса ва тақдисозро дорост. Аз ҳамин сабаб, аз ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятию давлатӣ, эҷодию касбӣ, миллию динӣ, илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву байналмиллалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳаракат даъват менамоем ва умеди онро мекунем, то дар якҷоягӣ ба муроди хеш бирасем.
Инчунин як қатор собиқадорон ва фаъолон,ки дар вақти барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ хизмат намуданд,аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо сипосномаҳо қадрдони карда шуд.