МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСИ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" БАЙНИ КОРМАНДОНИ ИДОРА, ТАШКИЛОТ ВА МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ НОРАК

Санаи 5 июни соли 2023 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо шаҳри Норак аз тарафи масъулини Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак, бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро бо кормандони Ҷамоати Деҳоти Дӯконӣ, раисони деҳаю маҳаллаҳои ҷамоат вохӯри баргузор гардид.
 
Дар ҷаласа аз ҷониби муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро ва масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самҳи ҳозирин расонида шуд.