МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА РЕЙДҲОИ МУШТАРАК ДАР ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАӢ ХОНАНДАГОН

Дар санаи 5- июн дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода,мудири маориф,котиби комиссия оиди ҳуқуқи кӯдак дар мақомот,директорони мактабҳо,,мудири кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳр,намояндагони ШВКД дар шаҳр,мудирони кӯдакистонҳои шаҳр,раисони Ҷамоатҳо,роҳбарони минтақаҳои манзилӣ,раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намудаанд.
 
Дар мизи мудаввар оиди гузаронидани рейдҳои шабона дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва рӯзона дар ҷойҳои серодам гузаронида,бо ҳамин восита пеши роҳи ҷинояткори дар байни ноболиғон гирифта ва вохӯриҳо байни падару модарон бисёртар ба роҳ монда шавад.Аз ҳисоботҳо бармеояд, ки сабабу омилҳои даст задани ноболиғон ба ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ аз назорати падару модар дур мондани онҳо, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» то пасе аз шаб гаштугузор намудан, зери таъсири манфии хонандагони «муштзӯр» (лидерҳо)-и мактаб­ҳо қарор гирифтани ноболиғон, ҷудошавии падару модар ва муҳити носолими оила, муҳоҷирати меҳнатии волидон ва зери назорати хешовандон қарор гирифтани кӯдакон, дур мондан аз таҳсилоти миёнаи пурра ва фаъолияти нодурусти баъзе аз марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо мебошад.
 
Ҷинояткорӣ бештар аз ҷониби ноболиғони 15-18 – сола мушоҳида мегардад. Новобаста аз он ки зимни гузаронидани вохӯриҳо бо хонандагон, волидайн ва омӯзгорон гаштугузори ноболиғон дар вақти шабона, назорати доимии волидайн аз болои фарзандон мунтазам мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода мешаванд, омӯзиши ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда нишон медиҳанд, ки волидон ҳанӯз ҳам муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намекунанд. Аз ин ҷост, ки ноболиғон даст ба дуздӣ, ғоратгарӣ ва авбошӣ мезананд.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, баҳри беҳдошти ҳаёти кӯдакон дар шаҳр минбаъд низ нақша чорабиниҳои худро вусъат бахшида, баҳри дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди таъмини хифзи хукуки кудак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва падидаҳои номатлуб дар байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои дахлдор, чорахои мушаххас хохад андешид.