МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ВАТАН ВА МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ҶОНФИДОЮ ҲОМИЁНИ БАҲОДУРИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД

Санаи 9 июни соли 2023 дар маҳаллаи Энергетик кӯчаи Маҳмудов Неъматуллои шаҳри Норак, ки ин кӯча ба номи сарбози шаҳидшуда Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич номгузорӣ шудааст, ҷамъомад доир шуд, ки дар он ба сарбози шаҳидшуда, ки баҳри ҳимояи ватан ҷон бохтааст ордени "Шараф" дараҷаи 2 ба падару модари Неъматулло супорида шуд.
 
Дар он муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳади КДАМ оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ, генерал-майёр Назарзода Турабек Камол, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва сокинони маҳаллаи Энергетики кӯчаи Маҳмудов Неъматулло, ҷавонону хонандагон муасисаи таълимии рақами 9- маҳаллаи мазкур ширкат доштанд.
 
Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич ҷавони шаҳри Норак зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар хати сарҳади шаҳри Исфара дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи 16 сентябри соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид.
 
Корномаи Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич воқеан ҳам намунаи ибрат аст ва Ватан бо чунин фарзандони далеру фидоии хеш ифтихор дорад. Маҳз ҷонфидоиҳои чунин родмардон аст, ки ҳамагон дар шароити осоишта зиндагӣ дорем.
 
Корнамоии ин ҷавони ватандӯст барои ҳазорон ҷавонони тоҷик ва махсусан ҷавонмардони шаҳри Норак сабақи ватандӯстию ҷавонмардист.
Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидою ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунад.