МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРУҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРИ НОРАК

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 - апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён гардида буд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Ризозода А.- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳаикмзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, шуъбаю бахшҳои занон, маориф, фарҳанг, ҷавонон, танзим, бо сокинони минтақаи манзилии рақами 1 кӯчаи Г.Асоев шаҳри Норак суҳбату вохурӣ гузарониданд.
 
Зимни вохӯрӣ, гуруҳи корӣ бо сокинони маҳалла оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишту кори такрорӣ ва руёнидани 3-4 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳконӣ ҳидоят намуданд.
 
Инчунин гуруҳи корӣ бо мардум дар бораи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зуроварӣ - дар оила, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандусти ва хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.