МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРУҲИ КОРӢ БО КОРМАНДОНИ КАТС-И ШАҲРИ НОРАК

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 - апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён гардида буд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Ризозода А.- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳаикмзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, шуъбаю бахшҳои занон, маориф, фарҳанг, ҷавонон, танзим, бо кормандони КАТС-и шаҳри Норак сӯҳбату вохурӣ гузарониданд.
 
Зимни вохӯрӣ, гуруҳи корӣ бо сокинони маҳалла оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхурии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.