МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Аёдати собиқадори меҳнат

Раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба беморхонаи марказии шаҳрӣ омада, бо собиқадори сохтмон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Тоҷ Қодиров, ки дар он ҷо бистарӣ буд, мулоқот намуда, аз ў ҳолу аҳвол пурсид ва барояш ёрии моддиву пулӣ расонид. Ҳамзамон, раиси шаҳр бо шароитҳои кори табибони муассисаи тиббӣ шинос гардида, барои дар сатҳи баланд расонидани хизмати хуби тиббӣ ба дармондагон ва инчунин, дар тозаю озода нигоҳ доштани атрофи муассиса ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

 

Худи ҳамон рўз дар идомаи боздиди корӣ раиси шаҳр барои шинос гардидан ба шароити кории кормандони нозироти андози шаҳр, нозироти хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷиҳати татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак» ба НБО-и Норак ташриф овард.