МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз 12 июни соли 2023 бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи корӣ доир гашт.
 
Дар кори он муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Норак, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
 
Аз рӯи масълаи якуми ҷаласа директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Норак-Сафаров Сайдулло оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 10 июни соли 2020, рақами 213 "Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 майи соли 2020, рақами 154 "Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, рақами 463 "Дар бораи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024" баромад намуданд.
 
Сипас муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат супориши протоколии машварати васеи назди раиси шаҳр аз 5 июни соли 2023 аз роҳбарони корхонаю муассаҳои шаҳр пурсон намуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.