НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ!
- Нашр шуд: 19.06.2023 03:41
"Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд".
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташабусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин, онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳоли соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шумораи зиёди занону духтарон фаъолият карда, аз байни онҳо чандин нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳақиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ оромии диёр буду ҳаст Ин рисолати раҳнамои рӯзгори бонувони мост.
Дар ин бораи занону бонувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,пешвои миллат Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониаш чунин қайд кардааст: «Ман қаблан борҳо гуфта будам ва ҳоло мехоҳам бори дигар таъкид намоям: занону духтарон дар ҷомеаи мо нерўи бузурганд ва агар онҳо нахоҳанд, ягон қувва моро аз роҳи пешгирифтаамон, яъне роҳи бунёди давлати мутамаддин ва демократӣ бозгардонда наметавонад».
Бо тақозои замон сиёсати давлат нисбати занон дигаргун шуда, мавқеи эшон дар ҷомеа ва дар оила ҷои муносибро ишғол менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушду камоли занон пайваста эътибор медиҳад, ҳамеша нисбати занон ғамхорӣ менамояд ва умед мекунад, ки онҳо дар роҳи эҳёи арзишҳою муқаддасоти осебдида ва коҳишёфтаи миллӣ, оину анъаноти волои гузаштагон зиёда мусоидат намуда, мазмунҳои аниқ ва ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи мероси бузурги тоҷиконро дар зеҳну тафаккур ва ҳастию вуҷуди халқ, махсусан насли ҷавони кишвар парвариш хоҳанд дод.Бино ба таъкиди Сарвари давлат меросбарӣ ва пайванди маънавии наслҳо, идомати одобу ахлоқи ҳамида ва бақои анъанаҳои шоистаи ниёгон, қабл аз ҳама, ба хидмату фидокории бонувон вобастамебошад.
Занони Тоҷикистон аз ғамхории пайдарпаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳу пойдор саҳми худро гузоранд. «Асоситарин ва муҳимтарин меъёри Конститутсияи мамлакат – бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки шоҳроҳи пешрафту тараққии Тоҷикистони навин мебошанд, маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолона ва қотеъонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувори пойдори худро пайдо кард» - қайд кардаанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Дастоварди бузургтарини халқи мо дар тўли зиёда аз чоряк асри истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати заҳмати бепоён, кўшишу талошҳои ҷонсўзонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.Занону бонувони тоҷик имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд,ки ба боварии Пешвои муаззами миллат бо Садоқати худ ба Ватан ҷавоб гардонанд.Сулҳу суботи Ватанамон абадӣ бошад ҳамватанони азиз!