ОҒОЗИ БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОҲАТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР МАВСИМИ ТОБИСТОНИ 2023
- Нашр шуд: 19.06.2023 04:21
Санаи 17 июни соли 2023 дар фароғатгоҳи "Офтобак"-и деҳаи Пехои шаҳри Норак басти якуми истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони 2023 расман оғоз гардид.Дар маросими кушодашавии басти аввал Ризозода А.- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳаикмзода Зуҳро, мудири шуъбаи маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши фарҳанг-Алиев Изатулло ширкат ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки кӯдакону наврасон ҳамеша дар таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз барои истироҳат ва фароғати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон тамоми шароит фароҳам гардидааст.
Баъди сафороии сарварони даста, гузориши сарвари истироҳатгоҳ ба меҳмонон дода шуда, кӯдакону наврасон дар васфи Ватан, Модар шеърҳои қироат намуда, барномаи ҳунарии хешро пешкаши меҳмонон ва падару модарони истирохаткунандагон гардониданд.