НАТИҶАГИРИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ДАВОМИ ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023
- Нашр шуд: 08.07.2023 02:26
Санаи 7 июли соли 2023 дар беморхонаи марказии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро ва масъулини соҳаи тандурустӣ ҷамъбасти фаъолияти соҳаи тандурустӣ ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2023 баргузор гардид.
Сараввал Сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Файзализода Сайвали оид ба фаъолияти соҳаи тандурусти дар давоми шаш моҳи соли 2023 ҳисобот доданд.
Сипас муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ба сухан баромада, иброз доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии шаҳрӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оид ба пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат, баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.
Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.
Дар охир ба масъулини соҳаи тандурусти оид ба камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи муовини раиси шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.