АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР АРАФАИ РӮЗИ МАЪЮБОН
- Нашр шуд: 08.07.2023 02:29
Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.
Дар ҳамин асос бо дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, санаи 7 июли соли 2023 муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бахшида ба Рӯзи маъюбон нафароне, ки имконияташон маҳдуд мебошад аёдат намуданд.
Зимни аёдат Зуҳро Ҳакимзода- муовини раиси шаҳри Норак иброз намуданд, ки маъюбон зери таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин маврид муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҳамеша изҳор медоранд, ки: “Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд”.