МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳурот торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ мебошад.Ин праблемаи Экстремизм ва терроризм ҷомеи ҷаҳонро ва хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметонанд.
 
Бинобар ин 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
 
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон дойр ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
 
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
 
Тибқи Фармон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблагҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегия чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намудаанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монда шудааст.
 
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегияи мазкур, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Пешгирии фаъолияти террористӣ ва дигар фаъолиятҳои экстремистӣ аз ҷониби давлат ва мақомоти ваколатдори он омода ва амалӣ намудани системаи ягонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иттилоотӣ, тарбиявӣ, ташкилӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва дигар чорабиниҳо, ки ба пешгирии онҳо, ошкор ва рафъи фаъолияти террористӣ, кам кардани оқибатҳои он, муқаррар ва рафъи сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда мебошад.
 
Дар ҷомеи имрӯза пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мебошад. Ин кор ба мавқеи равшани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии калон дорад.
 
Зуҳро Ҳакимзода - муовини раиси шаҳри Норак