МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

САБАБҲОИ ПАЙДОИШ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Санаи 12- июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки муовинони раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода,Маҳмадизода Хайриддин ва роҳбарони муассисаҳою ташкилотҳои шаҳр мизи мудаввар оиди амалишавии Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-225 баргузор гардид.
 
Дар мизи мудаввар қайд гардид,ки Экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Маълум аст, ки зуҳуроти хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст.
 
Тавре, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд: “Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои диннӣ амал карда, ба эътиқоди диннии шахсон таъсир мерасонанд. Дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд, ки: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
 
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар чунин шароит терроризм ба бизнеси бисёр сердаромади миқёси глобалӣ, дорои «бозори кор» (зархаридон ва ғайра) ва ғайра табдил ёфтааст. Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд.
 
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
 
Мо, аҳли ҷомеа бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, бахусус ҷавонон бояд ба омӯхтани илму аз худ намудани забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, ба пешрафту тараққиёти Ватани хеш дар якҷоягию ҳамбастагӣ ҳиссаи арзанда гузорем.