Касбу ҳунар мояи ифтихор
- Нашр шуд: 20.02.2020 15:58
6 феврали соли 2020 раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо мақсади шиносоӣ аз касбу ҳунаромӯзии ҷавонон аз Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Норак дидан намуд.
Марказ аз соли 2016 фаъолият намуда, дорои бинои хуштарҳи замонавии дуошёна, 8 синфхонаи таълимӣ, ошхона, 3 устохонаи таълимӣ (харротӣ, кафшергари газию барқӣ, электрикӣ) иборат буда, 13 касбу ҳунарҳо:дӯзанда, қаннод, бофанда, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, харрот, кафшергари газию барқӣ, монтёри барқӣ, муҳосиб бо донистани компютер, ороишгари мӯй, фурӯшанда-ташкилотчӣ, сабзавотпарвар, ошпаз ба ҷавонон омӯзонда мешавад. Дар марказ курсҳои дарозмуддати дусола, яксола ва курсҳои кутоҳмуддати семоҳа ва якмоҳа амал намуда, синфхонаҳо бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонида шудааст.
![]() |
![]() |