НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН
- Нашр шуд: 24.07.2023 03:14
Санаи 21 июли соли 2023 вобаста ба вусъати корҳо дар самти кишоварзӣ, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муовини раиси шаҳр Маҳмадизода Хайридин бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вохӯрӣ намуданд.
Носирзода Комил мудири бахши кишоварзӣ вобаста ба корҳои ба анҷом расида ва рафти амалишавии Барномаҳои давлатӣ ахборот пешниҳод намуданд.
Сипас муовини раиси шаҳр Маҳмадизода Хайридин суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳро ба масъулин расонида, ҷиҳати иҷрои бо сифат ва саривақтии онҳо ҳамагонро вазифадор намуданд. Ба хусус иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо, омодагиҳои техникаҳои кишоварзӣ ва иҷрои Барномаҳои давлатӣ таъкид карда шуд.
Муовини раиси шаҳр дар рафти ҷамъомад як қатор сарварони хоҷагиҳои деҳқониро пурсиш намуда, баҳри ислоҳӣ камбудиҳо ва иҷрои нақшаи дар пеш истода вазифадор намуданд.