СОҲАИ ФАРҲАНГ БОЯД РУШД ДОДА ШАВАД
- Нашр шуд: 25.07.2023 01:53
Таҳти чунин унвон имрӯз 24 июли соли 2023 муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бо аҳли фарҳанги шаҳри Норак вохӯри дар толори Қасри фарҳанги шаҳр доир намудаанд. Муовини раиси шаҳри Норак вохӯриро ифтитоҳ намуда, барои аҳли фарҳанги шаҳри Норак ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо изҳори сипос байён дошта, таъкид намуд, ки минбаъд низ бояд кӯшиш намуда фарҳанги мардуми шаҳр ва умуман вилояти Хатлон дар дигар шаҳру навоии мамлакат ва берун аз он ҳам муаррифӣ намоем. Вазифаи аҳли фарҳанг дар чӣ аст. Ҳар як фарҳангчӣ бояд ҳар лаҳза ва ҳар соат бо эҷодиёти нав ба саҳна барояд. Вазифаи асосии аҳли фарҳанг ин тарбият намудани мардум бахусус насли наврас мебошад. Зеро барои мо аз фарҳанги мо дида баҳо медиҳанд.
Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳр қайд карданд мо бояд кӯшиш намуда, дар ин соҳаи муҳим чеҳраҳои навро дарёфт намоем. Мактаби санъат мутахассисро тарбия намуда, барои фарҳанг мутахассиси хуб тайёр намояд. Барои аҳли фарҳанг шароитҳои хуберо муҳайё созем. Дар ин самт низ озмунҳоро ба роҳ монда бигузор беҳтарин овозхон, оҳангсоз, мутриб муаяйн карда шаванд.
Дар охир барои дар сатҳи баланд омода намудани довталабони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва корҳои ободонию бунёдкории Боғи марказии шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.