ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР
- Нашр шуд: 31.07.2023 05:59
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, роҳбарони идораҳои дахлдор, инчунин аъзоёни Шӯро баргузор гардид, ки дар он се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
1. Таъмини намудани ҳуҷраҳои наркологӣ бо мутахассисони соҳаи наркологӣ, амалӣ намудани чораҳои пешгирии тиббии нашъамандӣ ва расонидани кӯмаки наркологӣ бо истифода аз таҷриба муосири ҷаҳонӣ.
2.Чорандешӣ намудан ҷиҳати сохтмони иншоотҳои варзишӣ, фарҳангӣ, тайёр намудани муррабиёну мутахассисони соҳаи варзиш, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, консертҳо.
Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Сартабиби беморхонаи марказӣ- Файзализода Сайвалӣ оид ба таъмини намудани ҳуҷраҳои наркологӣ бо мутахассисони соҳаи наркологӣ, амалӣ намудани чораҳои пешгирии тиббии нашъамандӣ ва расонидани кӯмаки наркологӣ бо истифода аз таҷриба муосири ҷаҳонӣ ва аз Рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи Сармутахасси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак-Ғафурзода Фирдавс оид ба чорандешӣ намудан ҷиҳати сохтмони иншоотҳои варзишӣ, фарҳангӣ, тайёр намудани муррабиёну мутахассисони соҳаи варзиш, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ шунида шуд.
Дар охир муовини раиси шаҳр- Зуҳро Ҳакимзода оид ба камбудиҳои ҷойдошта ба аъзоёни Шӯро супоришҳои мушаххас дода шуд.