Аёдати қаҳрамон
- Нашр шуд: 24.02.2020 10:02
Рузи 20 феврали соли 2020 раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба беморхонаи марказии шаҳр рафта, аз вазъи саломатии иштирокчии Ҷаанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Гулов Малах бохабар гардид. Бо аҳли оилаи бемор мулоқот намуда, ёрии молиявӣ расонида, ба табибон дастуру супоришҳо дод. Аз 367 иштирокчии ҷанг Гулов Малах охирин намояндаи шаҳри Нора каст, ки дар муҳорибаҳои шадид барои ҳимояи сарзамин бар зидди фашизми гитлерӣ иштирок намуда, дар қайди ҳаёт аст. Баъди ғалаба ба зодгоҳи худбаргашта, дар сохтмони Неругоҳи барқии обии Норак иштирок намудааст.
Корнамоиҳои меҳнатии Гулов Малах бо мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст. Ба тарбияи фарзандон аҳамияти махсус дода , онҳоро дар руҳияи садоқат ба Ватан, гироми доштани хоку оби диёр, расидат ба қадри сулҳў ваҳдат ва ягонаги тарбия менамояд. Дар вохурӣ ва мулоқотҳои худ ба насли наврас, кормандони корхонаю муассисаҳо ҳамагонро ба меҳнати софдилона, садоқат ба ватан-Модар, эҳтром ба дастовардҳои истиқлолият ва қадр намудани сулҳу ваҳдати кишварамон давват менамояд.