МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2025
Норак

Иқдоми неки модарон

21 феврали соли 2020  раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  дар доираи  нақша-чорабиниҳо бахшида  ба ҷашни 27- солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ротаи дуюми алоҳидаи комендантии қисми низомии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидан намуда, афсарону прапоршик, старшинаю сарбозонро ба муносибати 27- солагии Артиши миллӣ табрик намуда, сипас  аз шароити хизмати сарбозон дидан намуда, бо онҳо мулоқоти  самимӣ  анҷом дод. Сипас  мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр  Расулзода Сайлигул  аз номи  модарони Норакшаҳр сарбозони ватанро ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ самимона табрик намуд.      

 

Роҳбарои корхонаю муассисаҳои шаҳр аз ҳисоби занон ба дидорбинии сарбозон омада, ба шароити зисту фаъолияти ҳамарўзаи  сарбозон шинос шуда, ба онҳо дастурхони идона оростанд.  Маъмурият ва иттифоқи касабаи НБО-и Норак ба номи Т.Ўлҷабоев ба сарбозон зиёфати идона ороста, санъаткорони  бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро пешкаши  хизматчиёни ҳарбӣ намуданд. Чунин чорабинӣ  соати 13-00 21 феврали 2020 дар ротаи дуюми қисми ҳарбии №6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд таҷлил карда  шуд.