МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2025
Норак

Артиши миллӣ сипари боэътимоди миллат

21 феврали соли 2020  соати 15-00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 27- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинии умумишаҳрӣ бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолони шаҳр, ҷанговарони башардўст, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони корхонаю муассисаҳо баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба ҳозирин оид ба таъсисёбии Артиши миллӣ  ва роҳи душвори тайкардаи он, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   дар таъсиси Артиш  ва хизмати  содиқонаи ҷавонон ба Ватан  сухан ронда, ҳозиринро бо ҷашн табрику таҳният намуд.  Сипас комиссари ҳарбии шаҳр Абдуллоев Сироҷиддин  бо сухани табрикӣ баромад  намуда,  аз ҷавонмардию корнамоиҳои сарбозони тоҷик  ёдовар гашт.

 

Бо қарори раиси шаҳр ба якқатор  шаҳрвандон ифтихорномаи мақомоти иҷроия супорида шуд. Аз ҷониби комиссариати ҳарбии шаҳр низ ба хизматчиёни  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ туҳфаҳо тақдим карда шуд. Санъаткорони шаҳри Норак бо суруду  рақсҳои дилошуб  хотири ҳозиринро шод намуданд.