МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2024
Норак

ДӮСТИИ МИЛЛАТҲО ПОЯНДА БОШАД!

Санаи 13 октябри соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Норак вохӯрии намояндагони Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии шаҳри Норак баргузор гардид.
 
Дар вохӯри муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, Головкин Алексей Александрович -мудири консулгарии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Егоров Алексей Сергеевич- роҳбари намояндагии ВКД Федератсияи Русия, Петров Димитрий Игоревич- мушовири сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кожин Вадим Владиславович- сармутахассиси эксперти ҳамкории Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Дар вохӯри оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Россия суханрони карда шуд.
 
Ҳамзамон доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия табодули афкор сурат гирифт.