МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ "ЛУҒАТДОНИ БЕҲТАРИН" ДАР ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Норак даври вилоятии озмуни "Луғатдони беҳтарин" аз фанни забони англиси байни хонандагони муассисаҳои таълимии минтақаи Кулоби вилояти Хатлон баргузор гардид.
 
Озмуни мазкур дар самти васеъ намудани донишу фаҳмиш, забондонӣ ва ғанӣ шудани захира луғавии наврасон мусоидат мекунад.
 
Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии "Луғатдони беҳтарин" бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон соли таҳсили 2022-2023 ташкил гардида, соли дуюми таҳсил аст, ки баргузор карда мешавад.