МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2024
Норак

Корвони кумакҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми бародари аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон.

Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
 
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.