МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ФАРҲАНГ ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Санаи 20 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр вохӯрии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро бо кормандони соҳаи фарҳанги шаҳр баргузор гардид.
 
Муовини Раиси шаҳр аз фаъолияти бахш натиҷагирӣ карда, изҳор доштанд, ки кормандони фарҳангро зарур аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии " Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон-Ватани азизи ман"-ро бо ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони касбу кори гуногун гузаронида, шавқу завқи онҳоро ба мутолиаи китоб ва фарҳанги мусиқии тоҷик боз ҳам зиёд намояд.
 
Дар охир вохӯрӣ Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳр ба саволу дархостҳои кормандони бахши фарҳанг посух дода, барои иҷрои камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.