АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО!” ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 17.11.2023 09:53
Санаи 16-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Норак аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Пешвои мо - ифтихори мо!” баргузор гардид.
Аксия дар ҳамбастагӣ бо ширкати "Як таксӣ" сурат гирифта, зимни он аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ронандагон тақдим карда шуд.
Аксияи мазкур дар шаҳри Норак дар шакли сайругашт бо Парчами миллӣ сурат гирифт.