МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

ПАРЧАМ -РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомотм иҷроияи шаҳри Норак бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти унвони "ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ МИЛЛИИ ТОҶИКОН" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, гирандагони Спендияи Президентӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳр шаҳр доир карда шуд.
 
Муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ҳамагонро бо Рўзи Парчами давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Парчам мояи ифтихори миллӣ буда, ба ҳайси арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он башорат аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватании мост. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд. Афрохта гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба расмият шинохтани давлатҳои дунё эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Он моро муттаҳид сохт ва барои ба даврони нави таърихӣ, ҳазораи сеюм бо қадами сулҳ ворид гардидан мусоидат намуд.
 
Ҳамзамон дар ҳамоиш қайд карда шуд, ки Парчами давлатии мо аз истиқлолияти комили давлатдории мо, нуфузи баланди хориҷии он, дастоварду пешрафти халқамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ башорат медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».