МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2025
Норак

Саҳми муносиби занон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 5 марти соли ҷорӣ  ҷамъомади  тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар- 8 март бо иштироки занони собиқадори  меҳнат, фаъолзанони  корхонаву  муассисаҳои шаҳр, эҷодкорону ҳунармандон баргузор гардид.

 

Зимни суханронӣ раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо нақши занонро дар пешрафти ҷомеа,  саҳми арзандаи онҳоро дар тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас, корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ  махсусан қайд намуд. Шумораи зиёди занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, бахусус саноату энергетика, хизматрасонии маишӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба меҳнати софдилона машғул мебошанд.

 

Барои саҳми муносиб дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, иштироки фаъолона дар амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаъолзанон ва собиқадорони меҳнат бо ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроия ва туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ   карда шуданд.