ҲАЁТ-БЕ ЗӮРОВАРӢ ГУВОРОСТ БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 06.12.2023 11:13
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Норак санаи 4 декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Шулашова Ҳабиба, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак- Саидмуродзода Сарвиноз ва занону бонувони корхонаю муассисаҳои шаҳр ҳамоиш таҳти унвони «Ҳаёт-бе зуроварӣ гуворост» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Норак Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо қарори Раиси шаҳри Норак аз 23 июни соли 2014, №242 тасдиқ гардидааст, доир шудааст.
ҲАКИМЗОДА ЗУҲРО-муовини раиси шаҳри Норак ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида оид ба масъалаҳои арзиши олӣ будани оила ишораҳо карда, иброз дошт, ки оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият буда, нақши он дар тарбия ва ба воя расонидани фарзандони ҳамаҷиҳата ташаккулёфта хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Баъзан мушоҳида мегардад, ки бархеи шаҳрвандон арзиш ва муқаддас будани оиларо дуруст дарк накарда, ба хушунату зӯроварии хонаводагӣ роҳ дода, муносибатҳои байниҳамдигарии оиладориро вайрон намуда, фарзандонро овора мекунанд. Оила дар Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавию хоҷагӣ, инчунин, ҳуқуқу уҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳимояи давлат қарор дорад.
ШУЛАШОВА ҲАБИБА-мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак- оид ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ – муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, ки сарчашмаи он дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмии аъзои оила мебошанд, омилҳои асосии ба хушунату зӯроварӣ гирифтор шудани аъзоёни оила ва пош хурдани оилаҳо арзёбӣ мегарданд.
ҲАЙДАРЗОДА САДБАРГ- мудири шубаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак зимни баромади меҳмонон омилҳои мусоидаткунандаи хушунату зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он мавриди шарҳ қарор дода шуда, қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян намудани субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозхии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 қабул гардидааст.
САИДМУРОДЗОДА САРВИНОЗ- дар баромади худ қайд намуданд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи оила ҳамчун асоси ҷамъият, ғамхорӣ нисбати модару кӯдак, пешгирии вайроншавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба воя расонидани фарзандон бо назардошти таълиму тарбия дуруст дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд ва мавриди амал қарор доранд. Вақте ки шаҳрвандон дар чаҳорчӯбаи қонунҳои мавҷудаи мамлакат амал мекунанд, дар он сурат метавонанд, оилаи солиме бунёд намуда, дар рушди ҷомеа саҳми худро гузоранд, зеро пешбурди ҷомеа ба оилаи солиму бофарҳанг вобастагии комил дорад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |