ТАҶЛИЛИ 29 СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 07.12.2023 11:32
Санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар толори филиали "Нерӯгоҳи Норак"-и ҶСК " "Барқи тоҷик" бахшида ба 29 солагии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, раисони ташкилоту муассисаҳо, аъзоёну фаъолони ҳизб ва намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштирок варзиданд.
Дар чорабини раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод баромад намуда, ҳамагонро бо 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳаният гуфта, ба онҳо дар амалисозии ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ барору комёбӣ орзӯ намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки таъсис ёфтани ҲХДТ ва дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ ба бонуфузтарин неруи сиёсӣ табдил ёфтани он ҳам ба фаъолияти серҷабҳаи Пешвои муаззами миллат алоқамандӣ дорад. Дар ибтидоӣ солҳои соҳибистиқлолӣ ҳизбҳои сиёсии амалкунанда барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум ягон иқдоми шоистаро рӯи кор оварда натавонистанд. Сарфи назар аз мавҷудияти аҳзоби мухталиф, ҷомеа ба як неру ё ташкилоти сиёсии наве ниёз пайдо кард, то тамоми мардуми кишварро зери як андеша муттаҳид гардонад ва халқро ба ҷодаи созандагию бунёдкорӣ раҳнамоӣ намояд.
Натиҷаи заҳмату талошҳои Раиси муаззами Ҳизб дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
ҲАСАНЗОДА ШАҲЛО ҲАСАН- раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак дар баромади худ зикр намуданд, ки барномаи ҲХДТ бо барномаи амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар ва роҳандозӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат тавъам мебошад. Дар татбиқи ҳадафҳои мазкур аъзою алоқамандони ҲХДТ дар шаҳри Норак фаъолона ширкат варзида, иқдомҳои шоистаро рӯи кор оварда истодаанд. Зимни мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа таъкид мегардад, ки ба шарофати амалӣ шуда истодани чор ҳадафи стратегӣ ҷумҳурии мо тавонист иқтидори истеҳсолии худро афзун ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардумро таъмин намояд.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор фаъолони ҳизб сипосномаҳо супорида шуд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |