МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти молия

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори ин санаи фархунда кулли кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии онро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, баҳрашон саломативу бурдборӣ ва комёбиҳову муваффақиятҳои касбӣ орзумандам.
 
Ҳадафи ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи молиячиён пеш аз ҳама эҳтирому арҷ гузоштан ба кормандони ин соҳаи муҳим ва эътирофи нақши онҳо дар таъмини ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Кормандони соҳаи молияи кишвар нақши арзандаи худро дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гузошта истодаанд.
 
Имрӯзҳо пешбурди сиёсати молиявиву буҷетӣ, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, инчунин назорати босифати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад.
 
Боиси таъкид аст, ки вазифаҳои асосии кормандони мақомоти молия, пеш аз ҳама, таҳким бахшидан ба ҷараёни татбиқи сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои он, назорати қотеъонаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағгузории саривақтии тадбирҳое мебошад, ки аз буҷети давлатӣ пардохт мешаванд. Аз ин лиҳоз, кормандони мақомоти молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешанд.
 
Бори дигар, кулли кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти молия шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно дорам.
 
Иди касбӣ муборак, кормандони мақомоти молия!