АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ШАҲР БА МУНОСИБАТИ 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ
- Нашр шуд: 07.12.2023 11:52
Имрӯз 7 декабри соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат, муовинони раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро ва Маҳмадизода Хайриддин як қатор собиқадорони меҳнат дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ки дар пешрафту тараққии соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм гузоштаанд, бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аёдат ва бо ин Рӯзи таърихӣ табрику таҳният карда шуданд.
Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ҳолпурсӣ ва иқдоми нек ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ ва амну осоиштагӣ дуои нек намуданд. Зикр намуданд,ки мардуми фарҳангиву ободгари шаҳри Норак ҳамеша ба оянда назари нек доранд ва бовар доранд, ки ҳамагон дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини зиндагии пурсаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.