МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод 12 декабри соли 2023 таҳти роҳбарии муовинони раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг оид ба зимистонгузаронӣ ва фаъолияти корӣ дар соҳаи шуъбаи маорифи шаҳр аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами №3, 5, 28- и шаҳр дидан намуданд.
 
Роҳбарияти муассисаҳои мазкур барои зимистонгузаронӣ омодагиии хуб дида, барои бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
 
Бояд қайд намоем, ки ҳамаи синфхонаҳои муассисаҳои мазкур барои зимистонгузаронӣ омода буда, муассисаҳо барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо бо гармкунакҳо таъмин мебошанд.
 
Ногуфта намонад, ки хонандагон дар ҳавои сард бе мамоният таҳсилро дар синфхонаҳои гарм идома дода истодаанд.
 
Аз тарафи гурӯҳи корӣ бо омӯзгорон ва хонандагон сӯҳбат гузаронида шуда ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.