МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо терроризм ва экстримизм

Раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон медиҳад, ки имрӯз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб муттаҳидӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозои дорад. Солҳои охир дар Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, Осиёи Миёна ва ИМА содир шудани садҳо ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ аз хатари глобалӣ доштани ин зуҳурот шаҳодат медиҳад.
 
Мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон дар меҳвари манфиатҳои геопалитикии баъзе кишварҳои боиси боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти ташктилотҳои байналмилалии экстримистӣ-террористӣ гардидааст. Боиси таассуф аст, ки баъзе давлатҳо бо терроризм ва экстримизм мубориза бурда, дар кишвар ва минтақаҳои дигар ба хотири манфиатҳои геополитикӣ зуҳуротро бевосита ё бо восита пуштибонӣ менамоянд, онҳоро ҳатто ҳамчунин ҳаракатҳои озодӣ ва ё ҷунбишҳои сиёсӣ эътироф ва ҳифз менамоянд. Зикр кардан зарур аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстримистӣ-террористӣ аз рӯи ангезаҳои динӣ-сиёсӣ аз солҳои 90-и асри гузащта оғоз гардид. Таҷриба нишон медиҳад, ки афкори ифротии ин гуна ташкилотҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан аз хориҷи кишвар таҳмил мешаванд. Аз ҷумла, фаъолияти экстримистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ()фаъолияташ дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 манъ шудааст) собит сохт, ки солҳои 1993-2015 роҳбарон ва аъзои фаъоли он бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият буд.
Бояд хотиррасон намуд, ки мувофиқи талаботи моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳбиро тарғиб мекунад ва ё аз тариқи зӯрӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менгамоянд, манъ аст. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бодарки таҳдидҳои афзояндаи эстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи муьоризаро дар ин самт пурзӯр намуда, тавассути парламенти кишвар зина ба зина қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории террорризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намуд.
 
Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқовимат ба эстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» дурнамои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро бо дарназардошти ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирии эстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди бо суботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат муайян намудааст. Илова бар ин, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисто «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004, №35 ва аз 14 ноябри соли 2016, №1359 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои алоҳида вобаста ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ ворид карда шуда, баъдан онҳо вобаста ба тағйир ёфтани моҳияти ин намуди ҷиноят боз ҳам такмил дода шуданд. Инчунин, бо мақсади тақвият бахшидани мубориза дар ин самт бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 августи соли 2011, №750 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3074 «Ташкили таълим ё гуруҳи таълимии хусусияти динии экстримидошта» илова гардид. Зарурати илова кардани он дар он зоҳир мегирад, ки ташилотҳои эстремистӣ-террористӣ аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳи таълимоти хонагӣ-динӣ тафаккури баъзе ҷавононро ифротӣ гардонида истодаанд.
 
Бо сабаби солҳои охир зиёд гардидани инштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4011 «Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» илова карда шуд.
 
Дар эҳзои моддаи мазкур муайян гардидааст: «Шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгирии ҷиноятӣ озод карда мешавад». Дар асоси муқарароти мазур беш аз 100 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, айни замон ҳаёти осоишти доранд. Дар ин раванд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи байналмилалӣ муҳим аст, зеро кишвари мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкории судману шарикии баробар ва нафъовари ҳама кишвари олам, таъмини амният бо роҳи созишу муколамаи созанда мебошад.
 
ШЕРАЛИ КАМОЛОВ-Сармутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Норак оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ