МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба Рўзи касбии кормандони энергетикаи тоҷик

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
 
Соҳаи энергетикаи кишвар омили асосии устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, дар ташаккул ва рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат нақши асосї дорад. Бинобар ин, соҳа мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад.
 
Санаи 22 декабр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаи кишвар таҷлил мегардад.
 
Барои саҳми арзанда гузоштан, дар рушду нумӯи мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, ҳар яки шумо кормандони соҳаро бо иди касбиатон табрику муборакбод намуда, барори кору орзуҳои нек, тансиҳатию хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.
 
Бояд қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ эътироф гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи якуми стратегии миллӣ эълон гардид.
 
Ҳадаф ва вазифаҳои ташкилоту муассисаҳои энергетикӣ ва корхонаҳо ба саҳмгузорӣ дар рушди босуботи мамлакат, таъмини болоравии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои мустақилияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, бештар тариқи сохтмон ва навсозӣ, таҷдиди иншоотҳо, татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ дар бахши энергетика, бахусус сохтмон ва навсозии иншооти тавлид ва интиқоли неруи барқ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ корҳои назаррасе амалӣ гардида бошад ҳам, ин иқдом ҳанӯз бомаром идома дорад.
 
Маврид ба зикр аст, ки дар љараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак, санаи 24 октябри соли 2022 як агрегати таҷдидгардидаи Неругоҳи барқи обии Норак ба ифтихори 50- солагии оѓози фаъолияти ин Неругоҳи азим ба истифода супурда шуд, ки ин оғози умри дубораи Неругоҳ мебошад.
Иқтидори агрегати мазкур қаблан 335 мегаватт буда, баъди навсозӣ 40 мегаватт зиёд гардид.
 
Баъди пурра ба охир расидани таҷдиди Нерӯгоҳ истеҳсоли солонаи барқ дар Неругоҳ 1,5 миллиард килловат- соат зиёд мегардад.
 
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза буда, тақрибан 5% иқтидори энергетикию обии умумиҷаҳониро доро мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикии кишвар ба 527 млрд. кВт.соат рост меояд.
 
Гидроэнергетика манбаи барқарор- шаванда ва аз назари экологӣ комилан энергия тоза буда, арзишаш гарон нест. Амнияти обию энергетикӣ ҷузъи амнияти миллӣ ва минтақавист.
 
Тоҷикистон бо доро будан ба захираҳои обии саршор ва дар сурати дастёбӣ ба истиқлолияти обию энергетикӣ дар ояндаи наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши асосӣ хоҳад бозид. Ҷумҳурии мо аз оғози Истиқлолияти давлатии худ бо дарки нақши асосиаш дар захираҳои обӣ ва энергетикаи минтақа дар ин раванди ҷаҳонӣ фаъолияти пурсамаре дошта, расидан ба истиқлоляти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намудааст.
 
Неругоҳҳои барқи обии Нораку Бойгозӣ на танҳо ифтихори мардуми шаҳри Норак, балки ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон мебошанд. Зеро ин иншоотҳои азим ҳамчун яке аз тавлидкунандаи асосии неруи барқ дар мамлакатамон ба кошонаҳои мардуми шарифи Тоҷикистон нуру равшанӣ ва гармиву зиё мебахшад.
 
Ин неругоҳҳо ба манфиати халқ бунёд гардида, аз оғози фаъолияти худ то ба имрўз неруи барқи дастрас истеҳсол карда, иншоотҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва манзили истиқоматии сокинонро бо неруи барқ таъмин менамоянд.
 
Натиҷаи заҳмати шабонарўзии Шумо ин гармию нуру зиё дар ҳар хонадон буда, меҳнати пурмаҳсулатон боиси таҳсину офаринҳо аст. Бинобар ин, ба ҳамаи Шумо-кормандони соҳаи энергетика ҷиҳати масъулиятшиносию заҳматҳои пайвастаатон дар рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ва ободонии Ватани азизамон ањсан мегўем.
 
Дар ин ҷода, ба Шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар татбиқи равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон – Рӯзи энергетикаи тоҷикро самимона табрик гуфта, рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.
 
Иди касбӣ муборак!
 
Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!