МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

АҶЛИЛИ РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК ДАР НБО-И БОЙҒОЗӢ

Имрӯз, 22 декабр соли 2023 дар филиали "Нерӯгоҳи Бойгозӣ"- и ҶСК "Барқи тоҷик" бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи Энергетикаи тоҷик чорабинии тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат, муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур, роҳбарият ва кормандони Нерӯгоҳ доир гардид.
 
Азимзода Шуҳрат-муовини якуми раиси шаҳр аз номи раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба ифтихори иди касбиашон табрик намуда, зикр намуданд, ки
соҳаи энергетикаи кишвар омили асосии устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, дар ташаккул ва рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат нақши асосӣ дорад. Бинобар ин, соҳа мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад. Барои саҳми арзанда гузоштан, дар рушду нумӯи мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, пеш аз ҳама ба ҳар яки шумо кормандони соҳа миннатдории хешро баён намуда, барори кору орзуҳои нек, тансиҳатию хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.
 
Сипас, бархе аз кормандони НБО-и Бойғозӣ ки дар рушду раванақи соҳа ҳиссаи арзишманд гузоштанд, бо ифтихорномаи раиси шаҳри Норак, ҶСК "Барқи тоҷик" ва Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадр гардиданд.