БАРРАСИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲО
- Нашр шуд: 24.12.2023 07:22
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ташкил ва гузаронида шуд.
Дар кори ҷаласа муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид ва аъзоёни шӯро ширкат варзиданд.
Дар кори Шуро ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
1.Ҳисоботи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар соли 2023.
2.Тасдиқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2024.
Аз рӯи масъалаи якуми кори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак директори маркази пешгирии бемориҳои ВНМО дар шаҳри Норак-Девонаева Хуршеда оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2023 ҳисобот доданд.
Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳр дар бобати фаъолияти густурдаи аъзоёни Шӯро ҷамъиятӣ, оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бобати масъалаҳои муҳими рӯз, оид ба пешгирии бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷ дастуру супоришҳо доданд. Инчунин таъкид шуд, ки бояд аъзоёни Шӯро ҷиҳати фаъолияти мунтазам дар соли 2024 камари ҳиммат баста, баҳри рушду нумӯи хоҷагии халқи шаҳр саҳми назарраси худро гузоранд.
Ҳамзамон барои ҷонок намудани рафти иҷрои нақша-чорабиниҳои Шӯро ба фаъолон ва масъулини шуъбаю бахшҳои мақомоти маҳаллӣ дастуру супоришҳо дод. Инчунин нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2024 бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо тасдиқ карда шуд.