МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

ПАЁМ – РОҲНАМОИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

"Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст".
Эмомалӣ Раҳмон
 
28 - декабр Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид.Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат оиди нақшу манзалати зан-модар беҳтарин суханҳо барои ин олиҳаи зиндаги гуфта шуд. Занони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯгавҳарӣ фарҳанги ҷомеаро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон ва давомдори кишвари маҳбуби хеш нигоҳ доштаанд. Аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат айён гардид,ки "Соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор занони маълумоти олидор буданд.Ҳоло 256 ҳазор бонувони тоҷик дорои маълумоти олӣ ҳастанд". Аз ин маълумотҳо бар меояд ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи занону бонувони маълумоти олидор афзудааст.Занони тоҷик бо донишу малакаи баланди худ таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намуда, барои пешрафт ва рушду равнақ ёфтани кишвари хеш, пояндаву устувор нигоҳ доштани оила саҳми арзанда гузоштаанд. Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим,хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд.Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он, пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гардиданд, ки зан-модар ҳамчун симои воқеӣ, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст.
 
Пешвои муаззами миллат дар паёми имрӯзаи худ таъкид намуданд,ки"Нагуйед,ки модар надорем,ҳамаи модарони тоҷик модари мо ҳастанд".Ҳамаи моро зарур аст,ки ба қадру манзалати зан модар арҷ гузорем.Мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим меояд,ки дар дилхоҳ гӯшаю канори дунё бошем обуруйи зани тоҷикро обуруйи худ фикр кунем ва занони тоҷик низ дар навбати худ вазифадор ҳастанд,ки обуруйи марди тоҷикро обуруйи худ фикр карда ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд.Чунки муттаҳидии миллат ин аз эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ сарчашма мегиранд.Бинобар ин нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд як рукни муайянкунанда дониста шудааст.Аз ин рӯ таъкидҳои Пешвои муаззами миллатро занону бонувони Тоҷикистон ба инобат гирифта худро дар назди наслҳои имрӯза ва оянда масъул меҳисобанд.
 
Метавон гуфт, ки мавқеи занон дар сиёсати имрӯза ҷойгоҳи махсусро касб кардааст ва бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва ибтикору роҳнамоии шаҳрдории кишвар, инчунин, дигар дастгириҳои сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ занон дар қатори мардон фаъолияти пурсамар намуда, ҷиҳати рушд намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.Занону бонувони даврони соҳибистиқлолии кишвар вазифадор ҳастанд, ки дар тарғиби фарҳанг,маданияти пурғановати миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пойдории либоси миллӣ саҳмгузор бошанд.
 
Муовини раиси шаҳри Норак - Зуҳро Ҳакимзода