МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

ДАР ҲОШИЯИ ШЕЪРИ УСТОД АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО! МО ЧАРО КУРБИН ҲАСТЕМ!!!

Оё аз рӯи виҷдони инсони дуруст аст, ки як нафар аз берун истода ягон саҳмаш ба миллаташ нарасидааст ба ғайри ғайбату сангзани ба Пешвои муаззами миллати тоҷикони ҷаҳон ва яке аз сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ,роҳбари халқпарвар, ватандӯст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва падари миллати моро,ки тавонист давлати ноободро обод сохт,гурезагонро ба ватан баргардонид,миллатро муттаҳид сохт,мардуми сарнагунгаштаро сари як дастархон шинонид,бинооҳои ноободро, обод сохт,деҳаҳоро ба шаҳрак табдил дод,кӯдакони имконияти маҳдуддоштаро саробон шуд,ба ятимони куллу нимятим падари кард аз дур истодан санг задан осон аст.Ҳамиллатони гиромиқадр чашмҳо аз рашку ҳасуди равған гирифтааст,ки имрӯз дар Ватани мо сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо аст,мо бошем,намебинем,ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои беназир дида мешавад,барои як ҷавон қоматашро рост кардан дар ҳаёт солҳо лозим аст,ки меҳнат кунад баъд соҳиби обурӯ ва аз шахс ба шахсият табдил диҳад худро пеш аз ҳама бояд содиқонаю софдилона хизмат намояд то ба тамоми дастовардҳо худашро ва наздиконашро расонад.Пас чаро фикр намекунем,ки давлати мо акунун ба монанди ҷавони 32 - сола аст,оё мо танҳо курбинона назар мекунем,чаро чашматон танҳо бадиро мебинад,оё ин хислати ҷавонмарди аст.
 
Мо мегуйем миллатамон тоҷик аст,чаро бузургони мо дар вақти 1100 соли бедавлати барои мо эҷод карданд,фарҳангу маданият ва заминаи давлатдориро ба мо мерос монданд.Оё Шумо дар назди виҷдони худ,худро бахшида метавонед,ки дар вақте,ки тамоми шароитҳои мардум хуб шудаистодааст ба ҷое, ки дастгиру мададгори давлату ҳукумат бошем, баръакс корбари мекунем,оё баъзан вақт аз мусулмони гап мезанем,оё дар мусулмони ғайбат ҳаст,не албатта,барои ҳамин ҳаммиллатони гиромиқадр биёед дигар ғайбатро бас кунед,чунки инсон танҳо дар хонаи худ беминнат зиндагӣ мекунад,ҳамсоя ба мо дерӣ,дер як ҳафта рӯи хуш медиҳад барои мову Шумо хонаи худ роҳати зиндагӣ аст,ман дар як андешаи худ аз як воқеи таърихӣ ёдовар шуда будам имрӯз низ маҷбур мешавам онро боз мегуйям.Дар вақте Чингизхон мехоҳад давлатро забт кунад ҷосусони онро аз худи давлат харидори мекунад ва вақте ғалаба мекунад,супориш медиҳад, ки нафароне, ки бар зидди давлати худ ҷангида буданд сари онҳоро аз тан ҷудо кунед,чунки нафаре,ки бар зидди давлату миллати худ меҷанганд онҳо ҳеҷгоҳ як нафари ватандӯст шуда наметавонанд барои ҳамин сари онҳоро аз тан ҷудо карда ба дарёе партоед ,ки асаре аз ин хиёнаткорони Ватан намонад.
 
Биёед ростқавлу росткору ростгуфтор бошем, ҳақиқатро бинем,чунки имрӯз заҳматҳои Пешвои муаззами миллат расем, тавонистанд миллатро баъди солҳои бедавлати дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, имрӯз миллати тоҷикро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносанд инам бошад бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат аст. Агар дар бораи дастовардҳо гап занем ҳазорҳо достонҳо мешавад,вале барои инсони мефаҳмидагӣ як ишора бас аст.
 
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саропо меҳри ватану ватандорӣ ва сарупо инсондӯстию пешравӣ аст.Нақшаи рӯимизии ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Пас биёед як қарсакро баҳона накунед,чунки нафаре,ки миллаташ тоҷик аст бояд дар дилхоҳ гӯшаю канори дунё бошад, аз ватану миллати худ дифоъ кунад.Агар шаҳрвандии дигар кишварро низ дошта бошем,лекин миллати худро иваз карда наметонем. Агар ба касе неки кардан намехоҳед ,кинаю адоват доред,пас хубаш хап шинед теша ба решаи худ назанем.
 
Зӯҳро Ҳакимзода - муовини раиси шаҳри Норак