ПАЁМ - РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОН!
- Нашр шуд: 19.01.2024 05:25
Баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар муассисаҳои таълимӣ № 2 шаҳри Норак баргузор гардид.
Дар вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид ва намояндагон аз шӯъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак иштирок ва суханрони намуданд.
Дар вохӯрӣ қайд намуданд, ки вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бояд сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғибу дастгири карда, дар зеҳни ҳар як насли наврас ҳисси ватандӯстиро тарбия намоем ба қадри манзалати Сулҳу Ваҳдат бирасем.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон" масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан суханронӣ намуданд.